1. chiccharmers@poochta.com : alinedupont :
  2. kristintunstall@1secmail.com : bernardowolcott :
  3. brow@poochta.ru : catherinelawhorn :
  4. sadiewragge7777@1secmail.net : danamansom178 :
  5. tiotevise1976@ter54-gevision.store : elissaholub382 :
  6. boydboles5569@1secmail.net : jeannieheymann8 :
  7. pracbarcsualbi1985@ter54-gevision.store : jerrelltritt70 :
  8. robvlamingh@1secmail.com : marcgreco9 :
  9. info103@noreply0.com : qxvtrey9001 :
  10. info@www.kalomerkarukaj.com : PENCRAFT : PENCRAFT PENCRAFT
  11. sadikurrahmanrumen55@gmail.com : Sadiqur Rahman Rumen : Sadiqur Rahman Rumen
March 16, 2025, 12:40 am

Се шеъри Наргиси Муродалӣ

Md. Sadiqur Rahman Rumen
  • প্রকাশিত: Saturday, October 19, 2024,
  • 185 বার পড়া হয়েছে

Наргиси Муродалӣ

1.

НИДОИ МОДАР

Ман Модарам, лахти ман аст, сарбасар башар,

Ҷонам ба дард омада аз шӯри хайру шар.

Ду каф во, зорӣ кунам сӯйи осмон,

-Ай Бениёз, ниёз ба Туст, дур кун хатар!

Дур кун хатар, з-он, ки ҷаҳон дуди ҷанг гирифт,

Аз ҷангҷӯёни фитнаҷӯю асл- бадгуҳар.

Оину дин, мазҳабу миллат баҳонаест,

То хости дил зи боғи ҷаҳон оваранд самар…

Хуниндилам, ашк зи чашмам равона аст,

Ҳар гоҳ бинам насли башар мекӯшад дигар.

Дардам зи дарду ранҷи башар гашта бедаво,

Рӯзу шабам як шудаву шому ҳам саҳар.

Даҳшат нест: тифлаки фавтида зери по?!

Даҳшат нест: калаи аз тан шуда ҷудо?!

Даҳшат нест: Одамӣ сӯзад, одамӣ?!

Даҳшат нест: Раҳм бикард тарк дили шумо?!

Дар чашмҳо нест дигар шӯълаи вафо,

Дар қалбҳо ҷӯш занад хуни интиқом.

Гар ҷанги худ ба сулҳ мубаддал намекунед,

Рӯйи Замин ҳастии инсон шавад тамом!

2.

ИШҚ

Бо ишқ ҳама зиндагӣ рангин бошад,

Талхаст, вале ба ком чӣ ширин бошад.

Нурест ба дил ишқу зиёст бар имон,

Ҳарчанд гӯянд ҷудо зи оин бошад.

То ҳаст нафас зи ишқ ҳадис бояд гуфт,

Гар марг ба пешу сар ба болин бошад.

Наргис бифишон накҳати ишқат ба ҷаҳон,

К-ин накҳати ишқ беҳ зи раёҳин бошад.

3.

ОРМОН

Чӣ хуш мебуд бурун гаштан зи ин дунёи вайрона,

Фирор кардан ба он ҷое, надорад як ғаме хона.

Чӣ хуш мебуд зи қаъри гил, расидан то ба ахтарҳо,

Қатори ахтарон бар шаб заминро карда назора.

Зи дуриҳо ба чашм дидан ҳама пинҳону ошкоро,

Ҳама дидан ба як диде, чӣ ошнову чӣ бегона.

Чӣ хуш мебуд аз гардун, назар бар ҳар каму афзун,

 Назар бар масҷиду мулло, назар бар масту майхона.

Чӣ хуш мебуд бурун гаштан зи ин дунёи вайрона, 

Зи дунёе, ки оқилро насозӣ фарқ зи девона.

Чӣ меандешӣ, эй Наргис, зи дунёву зи аъмолаш,

Куҷо хонди,ки дар таърих, ки дунё гуфта, шоҳона?

 

 

Edited and Published by Md Sadiqur Rahman Rumen, Editor in chief pencraft literary Magazine Bangladesh

Наргиси Муродалӣ

সংবাদটি শেয়ার করুন

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

আরো সংবাদ পড়ুন
© সর্বস্বত্ব স্বত্বাধিকার সংরক্ষিত © ALL RIGHTS RESERVED 
প্রযুক্তি সহায়তায়: বাংলাদেশ হোস্টিং